СУТ вақти ба даст овардани ваксинаи зидди коронавирусро эълом намуд

Июль 23, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори Барномаи СУТ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ Майкл Райан вақти ба даст овардани ваксинаи зидди коронавирусро эълом намуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мавсуф изҳороти мазкурро зимни суханрониаш, ки аз тариқи саҳифаи Твиттери ин созмон пахш шудааст, иброз намудааст.

Ба гуфтаи Райан, ин кор на барвақттар аз нимаи аввали соли 2021 имконпазир хоҳад шуд. Вай аз пешрафтҳо дар самти коркарди ваксина ёдовар шуд, аммо даъват кард, ки дар мавриди муҳлати дастрасӣ ба ин дору воқеъбин бояд буд.

Мутахассис инчунин тазаккур дод, ки СУТ дар самти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба ваксина кор мекунад. «Ваксинаҳои зидди ин пандемия хоси сарватмандон ё камбизоатон нест, онҳо бояд ба ҳама дастрас бошанд», — зикр намуд ӯ.

 

АКС аз Франк Хоерманн / SVEN SIMON / Global look

Июль 23, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон