Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии маблағ машғул гардидааст

Июль 11, 2020 12:43

ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе пайдо гардид, ки тибқи иттилои муаллиф, ҳар саҳар марди тануманди тахминан 49-50-солае  як ҷавони маъюбро дар аробачаи махус шинонида, дар назди бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе  оварда мемонад ва ин навраси маъюб то бегоҳ ба талбандагӣ машғул мешавад. Сипас бо фаро расидани шом мард боз ба ҳамин мавзеъ омада, маблағҳои дар давоми рӯз ҷамъгардидаро ба ҷайби худ андохта, сипас боз навраси маъюбро бо худ мебарад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, баъди ба Интернет роҳ ёфтани навори мазкур кирдорҳои ғайриқонунии марди аз ҳисоби писарбачаи маъюб маблағ ҷамъкунанда мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.  Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  хоҳиш  намуданд, ки нисбати кирдорҳои авомфиребонаи марди дар навор инъикосгардида, ки аз ҳисоби писарбачаи маъюб зиндагиашро пеш мебарад, чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Ҷиҳати муайян намудани шахсияти марди дар навор тасвирёфта  кормандони мақомоти милитсияи пойтахт чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа ӯро муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Маълум гардид, ки  ӯ шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед Асрорович, соли таваллудаш 22.01.1971, истиқоматкунандаи ноҳияи  Рӯдакӣ, деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзандаш мебошад.

Зимни санҷиш ҳамчунин муайян карда шуд, ки ин ҷавон  писарбачаи 17-сола буда, дар ҳолати маъюбӣ қарор дорад.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед, ки бо истифода аз муҳтоҷиву дардмандии фарзанди худ ба ҷамъоварии маблағ машғул будааст, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда,   барои дар оянда такроран содир накардани кирдори мазкур огоҳонида шуд.

 

АКСҲО аз сомонаи ВКД ҶТ

Июль 11, 2020 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд