Тибқи супориши Президенти мамлакат 7 намуд лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3 ошёна барои деҳотҷойҳо таҳия гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола баён доштанд, бо мақсади бунёд кардани хонаҳои зебою замонавии истиқоматӣ 7 намуд лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3 ошёнаро барои деҳотҷойҳо таҳия кард, ки айни замон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор доранд. Лоиҳаҳои мазкур барои корбарӣ ба сармеъморон ройгон пешниҳод карда мешаванд.
Дар ин бора Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода 17 июл зимни нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввали соли равон ба хабарнигорон маълумот дод.
«Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад. Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии маркази 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд», — афзуд Ҷамшед Аҳмадзода.
Таъкид гардид, ки мутахассисони Кумита иҷрои банди 23-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 январи соли 2014 таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 29 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 8 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 10 иншооти бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардидаро ошкор карда, шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ба маблағи 28646,0 сомонӣ ҷарима шуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






