Ваксинаи зидди коронавируси Британияи Кабир бо нархи аслияш фурӯхта хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Донишгоҳи Оксфорд муштаракан бо ширкати дорусозии бритониёии AstraZeneca коркард мешавад, бо нархи аслияш дар тамоми ҷаҳон фурӯхта хоҳад шуд, хабар медиҳад МИА «Казинформ» рӯзи 22 июл бо истинод ба RTBF.
«Ҳадафи мо — расонидани ваксина ба ҳар фард аст. Ҳадафи дигари мо ин аст, ки он даромад наорад, яъне ваксинаро бо арзиши аслияш ба тамоми минтақаҳои ҷаҳон хоҳем расонид», — гуфтааст роҳбари AstraZeneca Паскал Сориоа.
«Қимати як воҳиди он тақрибан 2,5 евро хоҳад буд», — илова намудааст вай.
Гурӯҳи амрикоӣ «Johnson & Johnson» низ ният дорад, ки ҳамин чизро коркард намояд, дар ҳоле ки ширкатҳои «Pfizer и Moderna» ҳангоми шунидани маърӯзаҳо дар Конгресси ИМА тасдиқ карданд, ки онҳо ваксинаҳои зидди коронавируси худро бо нархи аслияшон нахоҳанд фурӯхт, яъне онҳо мехоҳанд аз ин кор фоида ба даст оранд.
Ваксина – довталаб, ки дар Британияи Кабир коркард мешавад, вокуниши қобили мулоҳизаи эминӣ дорад ва дар марҳилаҳои ибтидоии озмоишҳои клиникӣ дар беморон бехатарии худро собит намуд.
Самаранокии ваксинаи довталаби Британияи Кабир дар марҳилаи сеюм бо фарогирии теъдоди бештари одамон санҷида ва танҳо баъд аз ин он барои истифодаи ҳамагонӣ дастрас хоҳад шуд.
«Мо умедворем, ки натиҷаҳои таҳқиқоти марҳилаи сеюмро тирамоҳ ба даст хоҳем овард ва фикр мекунем, ки ваксинаро то охири соли равон дастраси ҳамагон намоем», — гуфт роҳбари ширкати AstraZeneca.
АКС аз сомонаи МИА «Казинформ»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






