Вазорати маориф ва илм то оғози соли нави таҳсил барои баррасии мушкилоти шаҳрвандон қабули ҳамарӯза ба роҳ монд

Июль 28, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидагӣ ба дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳо илова ба рӯзи шанбе ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 17:00 дар дастгоҳи марказӣ қабули шаҳрвандонро ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ нишон доданд, ки ҳар сол пеш аз оғози соли нави таҳсил ва баъд аз тақсимоти довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида, ҳамарўза аз даҳ то сад нафар шаҳрванд ба дастгоҳи марказии вазорат муроҷиат менамоянд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони Вазир роҳандозӣ шуда, то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

 Аксҳо аз ҷараёни қабули шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Июль 28, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд