Волонтёрон барои роҳбаладӣ ба сайёҳон омода мешаванд

Июль 27, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳбаладии сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Ализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, семинари мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, мақсад аз он  омода намудани волонтёрон дар самти роҳбаладӣ мебошад.

Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иброз дошт, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, рушди соҳаи сайёҳӣ дар чанд соли охир бесобиқа унвон мешавад.

Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода доир ба «Роҳбаладии сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва истифодаи захираҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, зикр намуд, ки соҳаи сайёҳӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд буда, танҳо дар шашмоҳи аввали соли 2020 46 адад хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дода шуданд.

Дар ҳамоиш 40 нафар аъзои маҳфили «Роҳбалад» иштирок намуда, минбаъд низ бо иштироки коршиносони соҳа баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ барои волонтёрони роҳбалад дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Роҳбаладон» соли равон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонони роҳбалад дар самти сайёҳӣ, тиббӣ, бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ таъсис дода шудааст. Аъзои маҳфил донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ва таъриху тамаддуни миллати тоҷик мебошанд.

Июль 27, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд