Юсуф Раҳмон: Дар Тоҷикистон дар муқоиса ба шаш моҳи соли 2019 содиршавии ҷиноят 2 фоиз кам шудааст
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 293 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 адад ё 2 фоиз кам мебошад. Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Номбурда афзуд, ки кушодашавии ин ҷиноятҳо 80,7 фоизро ташкил медиҳад. Содиршавии баъзан категорияи ҷиноятҳо дар Тоҷикистон зиёд ва баъзе аз онҳо кам шудааст. Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он дар нимсолаи соли гузашта 48 адад буд, имсол 35 ададро ташкил медиҳад, яъне 13 адад кам шудааст. Қасдан расонидани зарари вазнин 56 адад содир шудааст, ки ин соли гузашта 62 ададро ташкил медод. Ин намуди ҷиноят 9,6 фоиз кам шудааст. Хариду фурӯши одамон соли гузашта 10 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд ва имсол ин шумора бетағйир боқӣ мондаст. Дар нимсолаи соли гузашта 74 ҳолати ғоратгарӣ ҷой дошт, имсол 68 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, яъне 6 ҷиноят кам шудааст. Қаллобӣ имсол 1452 адад содир гашта, соли гузашта он 1890 ҳолатро ташкил медод, яъне ин намуди ҷиноят 438 адад кам шудааст.
Муфаттишони прокуратура дар ин давра тафтиши 1903 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 1788 адади онро барои баррасӣ ба суд ирсол карданд. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ 47, 4 миллион сомонӣ зарар, аз ҷумла 5, 8 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 1935 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида, 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






