Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Август 4, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии мамлакат.

Тибқи рўзномаи ҷаласа аъзои Шўро 11 масъала, аз ҷумла 4 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шўрои Маҷлиси миллӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, онҳо барои баррасӣ ба иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Худи ҳамин рўз, тибқи дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии масъалаҳои  дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда, ки баргузории он 6 августи соли 2020 дар назар аст, идома дода шуд.

Аъзои Шўро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шўроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.

Август 4, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, -бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд