ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб 1 адад чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ барои бунёди 7 адад чоҳҳои амудӣ ҷараён дошта, бо анҷоми онҳо наздики 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифода додани чоҳи амудӣ дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб и.в. раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки бо ҳидоятҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии шаҳри Кӯлоб, ки пурра бо оби нӯшокӣ таъмин кардани сокинони он маҳсуб мешавад, роҳи халли худро меёбад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба ин масъала дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббусу дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳо оғоз гардида бо суръат ҷараён доранд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисон ва таҷрибаҳои анҷомдодашуда дар аксар мавзеъҳои шаҳри Кӯлоб бо кандани чоҳҳои амудӣ оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол баровардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки чоҳҳои амудӣ дар нуқтаҳое канда шуда истодаанд, ки ҳар кадом барои ба об таъмин намудани як минтақаи муайяни ҳудуди шаҳр равона карда мешаванд. Аз ҷумла, 3 адад чоҳе, ки айни замон дар маҳаллаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод канда шуда истодаанд, барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои А.Ҷомӣ, С.Вализода, Теболай, Боғи Ҳабиб, Тудакафш, Дӯстӣ ва як қисмати маҳаллаи 1-уми май равона шуда, эҳтиёҷоти 7450 нафар аҳолиро қонеъ мегардонад. Баъди ба истифода додани 1 адад чоҳи амудӣ дар деҳаи Тудакафш сокинони маҳаллаҳои 11, маҳаллаи 8 ва А. Ҷомӣ, ки 3506 нафар аҳолиро дар бар мегиранд, бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. 1 адад чоҳи амудие, ки дар назди собиқ таваллудхонаи вилоятӣ сохта мешавад, барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои Ҷ. Алӣ, Пушкин ва қисмати аз 1 майи шаҳр, ки 3879 нафар аҳолӣ доранд, мусоидат менамояд.
Айни замон сохтмони 1 адад чоҳи амудӣ дар назди Корхонаи коммуналии шаҳр идома дошта, он барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии кӯчаҳои Ҳисориён, Маҳмадӣ Ҳакимов Бозорӣ, Фрунзе ва қисме аз маҳаллаи С. Даминзода, ки зиёда аз 1943 нафар аҳолӣ доранд, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар ҳудуди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ кандани 1 адад чоҳи амудӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта бо саҳми зодагони шаҳри Кӯлоб — Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд. Сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.Сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






