Антон Силуанов хабар дод, ки ФАБР ба Тоҷикистон $50 млн қарз медиҳад

Август 4, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ  «Ховар/. Фонди Аврупоии Барқарорсозӣ ва Рушд (ФАБР) барои дастгирии иҷтимоӣ ва таъмини устувории бахши молиявӣ дар шароити пандемия ба Тоҷикистон маблағи 50 миллион доллар ба муҳлати 20 сол бо 1% -и солона қарз медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус Вазири молияи Федератсияи Россия, раиси Шӯрои ФАБР Антон Силуанов рӯзи 3 август ба хабарнигорон иттилоь дод.

«Шӯрои ФАБР  қарорро дар мавриди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қарзи молиявӣ дар ҳаҷми 50 миллион доллар қабул намуд. Фонд маблағи мазкурро барои дастгирии иқтисодӣ ва иҷтимоии  Тоҷикистон дар шароити паҳншавии уфунати коронавирус ҷудо мекунад. Маблағҳо барои дастгирии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва таъмини устувории бахши молиявӣ равона хоҳанд шуд»,  — гуфт Силуанов.

«Фонд барои шариконамон шароити имтиёзнок пешниҳод менамояд. Тоҷикистон ба муҳлати 20 сол бо 1% -и солона қарз гирифт», — илова намуд ӯ.Илова бар ин, ба гуфтаи Силуанов, Шӯрои фонд дар мавриди интихоби озмунии ғайринавбатии лоиҳаҳо ҷиҳати маблағгузории грантӣ қарор қабул кард. «Ин маблағҳо барои таъмини эҳтиёҷоти системаҳои тандурустӣ равона хоҳанд шуд. Ба ин восита, давлатҳои аъзои фонд  имконоти иловагӣ барои вокуниши фаврӣ дар муқобили хуруҷи коронавирус пайдо хоҳанд кард. Грантҳо ба кишварҳое дода мешаванд, ки даромади умумии онҳо ба сари аҳолӣ паст мебошад. Мутобиқи ин меъёр, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон метавонанд барои гирифтани грант дархост пешниҳод кунанд», — гуфт Силуанов.

ФАБР – ин механизми молиявии минтақавӣ бо маблағи 8,513 млрд доллар ИМА мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои манфии бӯҳрон ва таъмини устувории дарозмуддат ва мусоидат ба интегратсияи иқтисодиёти кишварҳои аъзои он таъсис ёфтааст. Манбаи асосии маблағҳои фонд – ин ҳаққи узвияти Федератсия дар ҳаҷми қариб 90% мебошад.

Мутобиқи хабари дар вебсайти ФАБР нашршуда, қарзгирандаи асосии маблағҳои ФАБР Беларус мебошад, ки бо мақсади дастгирии буҷа ба вай 2 қарз ба маблағи 5 миллиард доллар тасдиқ шудааст. Инчунин Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон кӯмакҳои молиявиро дар шакли қарзҳои инвеститсионӣ ва молиявӣ  дарёфт менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан ФАБР барои лоиҳаи азнавсозии НБО –и “Норак” маблағи 40 миллион доллар қарз дода буд. Ин маблағ барои харид, насб ва ба кор даровардани автотрансформаторҳои якфаза масраф шудааст.

ДАР АКС: 9 марти соли 2019 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали сарвазир, вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуанов мулоқот кард. Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Август 4, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид