Минбаъд реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии ҳудуди Душанбе зери назорати қатъӣ қарор мегирад

Август 12, 2020 08:54

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд  муқаррарсозию  мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо,  хизматрасонии маишии ҳудуди пойтахт,  новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ  аз ҷониби Комиссияи дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи моликият (соҳибмулкӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ  амалӣ карда мешавад. Дар ин бора Қарори  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси щаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  ин амал бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ,  сода гардонидани тартиби муқаррарсозӣ ва мувофиқаи реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ  равона гардидааст.

Рустами Эмомалӣ Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки  бо мақсади таъмини  иҷрои қарори мазкур ва пешгирии халалдор кардани оромии сокинони пойтахт  тадбирҳои зарурии таъхирнопазир андешад. Зеро баъзан аз ҷониби марказҳои хизматрасоние, ки  дар ошёнаҳои якум ва наздикии биноҳои истиқоматӣ ҷойгиранд,  реҷаи корӣ риоя намешавад, ки ин сабаби халалдор гардидани оромии сокинони шаҳр дар соатҳои дамгирии онҳо баъди фаъолияти корӣ мегардад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 12, 2020 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт