Ҷавон барои шикастани оинаи истгоҳ ҷарима шуд

Август 7, 2020 14:35

ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар натиҷаи баргузории чораҳои профилактикию назоратӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Маяковский як нафар ҷовонписар дастгир гардид, ки оинаи истгоҳи замонавии кӯчаи мазкурро зада шикастааст. Дар  ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Амирхонов Манучеҳр Файзуллоевич, соли таваллудаш 1992, зодаи ноҳияи Фархор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковсий мебошад.

Номбурда санаи мазкур тақрибан соати 03:00-и субҳ дар ҳолати мастӣ бо дастонаш оинаи қисмати чапи истгоҳи воқеъ дар кӯчаи Маяковский назди бинои №65-ро зада шикастааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъйин карда шуд.

Илова бар ин аз ҷониби волидайни ҷавон зарари расонидашуда барқарор гардида, оинаи шикасташуда харидорӣ ва насб карда шуд.

Август 7, 2020 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе