Аз 1 сентябр Россия метавонад парвози ҳавопаймоҳоро ба баъзе кишварҳои ИДМ барқарор намояд, дар қатори онҳо аз Тоҷикистон низ ном бурда шудааст

Август 14, 2020 14:35

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябр Россия метавонад парвози ҳавопаймоҳоро ба баъзе кишварҳои ИДМ дубора барқарор кунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора сомонаи  Ассотсиатсияи туроператорҳои Россия (ATOР) хабар додааст. Манбаъҳои Вестники ATOР мегӯянд, ки парвозҳо ба аксари кишварҳои Иттиҳод “бо эҳтимоли зиёд” дубора барқарор карда мешаванд.

Барои оғози парвозҳо ба кишварҳои хориҷаи наздик чанд асос мавҷуд аст. Аввалан, вазъи вобаста ба коронавирус дар Федератсияи Россия ба эътидол омада истодааст, моҳи сентябри имсол истеҳсоли саноатии ваксинаи COVID-19 ба нақша гирифта шудааст. Сониян, вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои ИДМ низ ба эътидол омада истодааст. Гузашта аз ин, ҳоло ин кишварҳо ният доранд ваксинаи Россияро бихаранд. Инчунин сухан сари барқарор намудани алоқаҳои башарӣ ва корӣ меравад, зикр мекунад Вестники АТОР.

«Бо ин сабабҳо Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон аз ибтидо дар рӯйхати 30 кишваре буданд, ки Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия барқарор намудани парвози ҳавопаймоҳоро пешниҳод карда буд. Ҳоло барои барқарор кардани парвозҳо дар ин самтҳо заминаҳои зарурӣ мавҷуданд. Мо интизор дорем, ки парвозҳо ба ин кишварҳо моҳи сентябр шурӯъ мешаванд», — гуфт ба Вестник ATOR як манбаи огоҳи соҳаи ҳавонавардӣ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти имсол СУТ пандемияи коронавирус эълон карда буд. Пас аз ин, ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт. Дар Россия чунин парвозҳо қатъ шуданд. Аз 1 август барои парвозҳо аз Россия ба Туркия, Британияи Кабир ва Танзания иҷозат дода шудаанд.

АКС: © Sputnik / Максим Блино

Август 14, 2020 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон