Аз 17 то 26 август дар Тоҷикистон амалиёти «Бачаҳо» мегузарад
ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба оғоз гардидани соли хониши 2020-2021 аз 17 то 26 август дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД амалиёти мазкурро бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, инчунин пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегузаронад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан суръати муқарраршудаи ҳаракатро риоя намоянд.
Аз 17 августи соли равон дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс оғоз гардида, дар кӯчаву роҳҳо гаштугузори кӯдакону наврасон зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ронандагон бояд аз ҳарвақта дида, ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд.
Ҳамчунин аз падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, кӯдакону наврасонро дар роҳҳои мошингард беназорат нагузоранд, ҳаёт ва саломатии онҳоро ҳифз намоянд.
Акс аз бойгонӣ








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






