Аз 17 то 26 август дар Тоҷикистон амалиёти «Бачаҳо» мегузарад

Август 15, 2020 10:46

ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба оғоз гардидани соли хониши 2020-2021  аз 17 то 26 август дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  ВКД амалиёти мазкурро  бо  мақсади  пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, инчунин пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегузаронад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  ВКД  аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш  менамояд, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан суръати муқарраршудаи ҳаракатро риоя намоянд.

Аз 17 августи соли равон  дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс оғоз гардида,  дар кӯчаву роҳҳо гаштугузори кӯдакону наврасон зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ронандагон бояд аз ҳарвақта дида, ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд.

Ҳамчунин аз  падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, кӯдакону наврасонро дар роҳҳои мошингард беназорат нагузоранд, ҳаёт ва саломатии онҳоро ҳифз намоянд.

Акс аз бойгонӣ

Август 15, 2020 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа