Аз меъёри муқарраршудаи мошини боркаш зиёдтар бор накунед!
ҲИСОР, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Ҳисор ронандаи мошини баркаши рақами давлатияш 9748АВ07 Ҷураев Ҳамроро, ки сокини шаҳри Ҳисор мебошад, бинобар риоя накардани талаботи моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2900 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима намуданд. Дар ин бора сардори шуъбаи Ҳисор-Шаҳринави Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Абдусалом Одинаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Номбурда қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиётро бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» риоя накарда, дар нақлиёти худ 31 тонна бор гирифтааст, ки ин аз меъёри муқарраршуда барои мошини Камаз зиёд буда, сабаби ҷавобгарии маъмурӣ шудааст.
Дар асоси қонунгузории соҳаи нақлиёт, барои нигоҳдории роҳҳои мошингарди мамлакат аз вайроншавӣ ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷму вазнин дар мошинҳои боркашонӣ дар фасли гармо барои ҳар як меҳвар аз 6 то 8 тонна иҷозат дода шудааст. Вале қисми зиёди ронандагони мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд маҳсулот бор менамоянд, ки ин сабаби вайрон гардидани роҳҳои ҷумҳурӣ мешавад. Он ҳамчунин сабаби садамаҳои нақлиётӣ ва фавти худу дигарон мегардад.
Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт нисбат ба 2231 нафар ва дар минтақаи Ҳисор нисбат ба 3058 нафар ронандагоне, ки бе иҷозатнома фаъолият намуда, қоидаҳои мусофиркашонию боркашониро риоя накардаанд ва қонунгузории соҳаи нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷарима намудаанд.
Ба андешаи мутахассисон дар ин минтақаҳо мушкилоти асосӣ дар роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






