Ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои Душанбе тағйиру иловаҳо ворид гардиданд

Август 27, 2020 08:51

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд,  ин иқдом  бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои  мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт ба роҳ монда шудааст.

Тибқи ин  қарор,  ба  арзиши тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» чунин тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: Тарофаи «Нимсола»-и категорияи хонанда — 150 сомонӣ, донишҷӯ — 200 сомонӣ, шаҳрванд — 300 сомонӣ;  Тарофаи «Солона»-и категорияи  хонанда — 200 сомонӣ, донишҷӯ — 350 сомонӣ, шаҳрванд — 500 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда мешавад.

Август 27, 2020 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд