«БИЁЕД, ЭЙ РАФИҚОН ДАРС ХОНЕМ!..». Пагоҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 16.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 август дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ, оғоз мегардад. Инак, таътили тобистонаи мактабиён ба анҷом расиду хонандагони муассисаҳои умумӣ, миёнаву олии касбӣ ба дарс шурӯъ мекунанд.
Ҳамасола Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат дар яке аз муассисаҳои таълимии мамлакат доир мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин дарс моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонандагон фаҳмонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Рӯзи дониш дар мамлакат имсол ба он хотир ба 17 август гузошта шуд, ки таътили тобистонаи муҳассилин бо Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз 11 май то 16 август (пеш аз муҳлати таътили тобистона) эълон гардид.
Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иброз намуд, ки ду ҳафтаи аввал дарсҳо бо мақсади ҷуброни дарсҳои нагузаштаи охири соли таҳсили 2019-2020 мегузаранд. Дарсҳо аз рӯйи барномаи таълимии тарҳрезишуда мувофиқ ба барнома ва нақшаи таълимӣ роҳандозӣ мегарданд, ки аз 17 то 31 августро дар бар мегиранд. Барномаи омӯзишӣ барои муассисаҳои таълимие, ки забони таълимашон ғайритоҷикӣ аст, низ омода ва дастраси омӯзгорон гардонда шудааст. Ба хонандагони синфи аввал аз рӯи «Барномаи мутобиқат ба синфи аввал» дарс гузаронида мешавад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3884 адад ва шумораи хонандагон 2035158 нафар мебошад, ки 981 280 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Имсол ба синфи якум 232208 нафар кӯдакон мераванд, ки аз он 112176 нафараш духтарон мебошанд. Дар мамлакат имсол 114495 нафар хонанда синфи 11-ро хатм намуд, ки аз ин шумора 53 075 нафараш духтарон мебошанд. Теъдоди омӯзгорон соли равон 124593 нафар буда, аз он 74046 нафараш зан мебошад.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 ноҳияи Синои пойтахт Сироҷиддин Набиев иброз дошт, ки “оғози Рӯзи донишро омӯзгорону толибилмони мамлакат имсол хеле пазмон гаштанд. Аз ин рӯ боварӣ дорам, ки Рӯзи дониш дар саросари мамлакат бо шодию фараҳ пешвоз гирифта мешавад. Чун ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар ин ё он муассисаи таълимӣ бо хонандагону донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд ва бурду бохти ин соҳаро тавзеҳ дода, ҳамагонро ба омӯхтани илму дониш, ки чароғи роҳи инсоният аст, даъват менамоянд. Имсол хонандагону омӯзгорони муассисаи мо табрикот ва паёми Пешвои миллатро мунтазир мебошанд, то суханони Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд”.
Тавре Садриддин Айнӣ гуфтааст:
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Ба бекориву нодонӣ намонем…
Дар олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сабоҳат Сангинова баён дошт, ки “Моро мебояд, ки дар якҷоягӣ насли фардосозро ба таҳсил, таълиму тарбия фаро гирему онҳоро ба ояндаи нек раҳнамун шавем, ки барои ин хусусан нақши омӯзгор аввалиндараҷа аст. Боварӣ дорам, ки пагоҳ хонандагон бо хурсандии беканор ба ин муассиса қадам мениҳанд. Мо, омӯзгорон низ кӯшиш мекунем дар ҷодаи илм ҳамеша дастгиру роҳнамои онҳо бошем, то тавонем онҳоро чун мутахассисони варзида тарбия намоем”.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи дониш ҳамасола дар мамлакати мо 1 сентябр таҷлил мегардид. Вале имсол бо омадани вазъияти номусоид ва паҳн шудани бемории сироятии коронавирус соли нави таҳсил таҳсил пеш аз муҳлат оғоз мегардад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»