Чаҳор экипажи танкии Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ» ширкат мекунанд

Август 24, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чор экипажи танкӣ таҳти раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва  техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ашӯров 24, 28 ва 30 август дар дивизиони  2-юм дар мусобиқаи «Биатлони танкӣ», ки дар доираи Бозиҳои VI байналмилалии артиши Россия «Артиш — 2020» дар Федератсияи Россия баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин бора сайти расмии «Биатлони танкӣ» хабар додааст.

23 август маросими ботантанаи ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалии «Армия-2020» ва омадани экипажҳои танкӣ баргузор гардид.

Дар “Биатлони танкӣ” соли равон бештар аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Россия, Абхазия, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Қазоқистон, Конго, Қирғизистон, Чин, Лаос, Мянма, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ) ширкат меварзанд.

Ин бори аввал нест, ки экипажҳои мо дар “Биатлони танкӣ” ширкат мекунанд. Соли 2019 низ чаҳор экипажи танкӣ ва як гурӯҳи кумаки техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок карда буданд.

Август 24, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад