Чемпионати Осиё оид ба бокс бо сабаби бемории COVID-19 ба соли 2021 гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки бояд моҳҳои ноябр-декабр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи COVID-19 ба соли оянда гузаронида шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар ин бора ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё, ки тариқи фосилавӣ доир гашт, қарор қабул намуд.
Ҷумҳурии Ҳиндустон мизбони мусобиқа боқӣ мемонад. Санаи дақиқи баргузор шудани мусобиқа дар ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё моҳи ноябри соли 2020 муайян мегардад. «Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифт, ки имсол имкон дорад фақат як мусобиқаро моҳи ноябр дар Чин доир намояд ва дар он беҳтарин муштзанҳо иштирок хоҳанд кард. Вале ин танҳо дар нақша аст, ҳоло баргузории он аниқ нест», — гуфтааст Коули.
Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов соли гузашта дар Чемпионати бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони чемпионӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни то 64 кило баъди се пирӯзӣ ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Обада Ал-Касбе аз Урдун дастболо шуд.
Зимнан, Баҳодур Усмонов дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони чемпиони Осиё мушарраф шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки ду муштзани шинотаи тоҷик — Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило – дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки моҳи марти имсол дар шаҳри Аммони Урдун доир гардид, ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтанд.
Олимпиадаи Токио-2020 ба далели пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтода, ба соли 2021 гузаронида мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






