COVID-19. Дар Хатлон корҳо дар самти пешгирии бемории коронавирус тақвият меёбанд

Август 23, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 23.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар мачлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази СПИД-и ҷумҳуриявӣ Р.Нуров ва аъзои ситоди вилоятӣ,   роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардид.

Ҳамзамон  тавассути видеоконференсия бо алоқаи мустақим (онлайн) мулоқот баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон М.Раҷабзода, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии  шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19  оид ба ҷоннок намудани фаъолияти беморхонаҳои ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо маълумот  доданд.

Айни ҳол гурӯҳи кории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ бо сафари корӣ қарор дорад.

Август 23, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик