COVID-19. Дар Хатлон корҳо дар самти пешгирии бемории коронавирус тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 23.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мачлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази СПИД-и ҷумҳуриявӣ Р.Нуров ва аъзои ситоди вилоятӣ, роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардид.
Ҳамзамон тавассути видеоконференсия бо алоқаи мустақим (онлайн) мулоқот баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М.Раҷабзода, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъ, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 оид ба ҷоннок намудани фаъолияти беморхонаҳои ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо маълумот доданд.
Айни ҳол гурӯҳи кории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ бо сафари корӣ қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






