COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8550 нафар расид

Август 30, 2020 19:23

ДУШАНБЕ, 30.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 30 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8550 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7341 ё худ 85,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 68 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Август 30, 2020 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро роҳбаладон бо 8 забон шарҳ медиҳанд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои канорӣ доир карда мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Толорҳои Китобхонаи миллӣ барои баргузории чорабиниҳои канорӣ омода мебошанд
Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид