COVID-19: Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ доир ба вазъи ин беморӣ дар Тоҷикистон машварати онлайнӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат ва андешидани тадбирҳои қатъӣ машварати онлайнӣ баргузор гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддини Ализода, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи ҳамагонро ба масъалаҳои андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19 равона намуд. Ҳамзамон иброз дошт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур ва назорати беморони амбулаторӣ пурзӯр гардида, беморон бо маводи доруворӣ таъмин карда шаванд.
Дар фарҷом аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






