COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид

Август 5, 2020 18:02

ДУШАНБЕ, 05.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа вазъи имрӯза, тадбирҳои омодабошӣ ҷиҳати ташхис ва муолиҷаи беморон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тайёр намудани    мутахассисони соҳаи тиб, омода  сохтани  муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2020-2021, ки аз 17 августи соли 2020 оғоз мегардад, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои ситод, баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла  беэътиноии  аҳолӣ  ба қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва рияи ҳатмии  фосилаи иҷтимоӣ  арзёбӣ мекунанд.

Зикр карда шуд, ки, мутаасифона,  вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон  ба риояи ин қоидаҳо бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ки ин барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 халал ворид карда, имкони паҳн гаштани ин вирусро ба миён меорад.

Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19  оид ба ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои  беҳдоштии  шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонӣ, таҳти назорати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис додани  Комиссияи кории байниидоравӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ  ба  соли нави таҳсили 2020-2021,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳои беҳдоштӣ,   Дастури тавсиявӣ “Оид ба ташкили кори муассисаҳои таълимӣ дар шароити боқӣ мондани хатари паҳншавии COVID-19” ва “Талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқоб”, таҳия намудани барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин баъдидипломиро барои ду ҳафта, яъне аз 17 август то 1 сентябр доир ба мавзӯъҳои азхуднашудаи соли таҳсили 2019-2020, риояи қоидаҳои   пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавируси COVID -19 роҳандозӣ намудани чораҳои зарурӣ ҳангоми амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ қарорҳои дахлдор  қабул намуд.

АКС аз бойгонӣ

Август 5, 2020 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид