COVID-19. Омори сироятёбӣ дар як шабонарӯз дар ҷаҳон чӣ гуна тағйир ёфт?

Август 3, 2020 11:11

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 217 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 4,4 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати 3 август дар ҷаҳон 18 234 936 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 692 794 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 217 901 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 4 404 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 9 476 763 (+156 433 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 3 963 нафар зиёд шуда, ба 359 180 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 375 535 сироятёфта ва 213 284 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 17 419 ва фавт — 323 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 131 165 ва қурбониён 45 837 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 58 971 нафар зиёд шуда, 937 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 813 647. Баъдан Бразилия (2 733 677), Ҳиндустон (1 804 702), Россия (850 870), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (511 485), Мексика (439 046), Перу (428 850), Чили (359 731), Испания (335 602) ва Колумбия (317 651) ҷойгиранд.

Август 3, 2020 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон