Дар Ҷамоати деҳоти «Қаратоғ» амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд

Август 18, 2020 10:56

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода амалиёти «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ»  гузаронида шуд. Он дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода ба истиқболи таҷлили сазовори ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он доир намудани корҳои  тозагию ободонӣ, бахусус озодагии муҳити зист дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода мебошад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар амалиёти «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» беш аз 800 нафар сокинони маҳал, намояндагони корхонаю муассисаҳо иштирок намуда,  дар тоза намудани шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода саҳм гузоштанд. Зимни амалиёт сокинон алафҳои худрӯй ва хасу хошокро бартараф намуда, шоху навдаи дарахтонро ба тартиб дароварданд.

Ҳамзамон сокинони маҳал дар ин рӯз ҷӯйҳои байнидеҳавию байнихоҷагиро тоза  ва ба тартиб дароварданд. Дар маҷмӯъ зимни гузаронидани амалиёти «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» 3 км роҳ тоза гардида, 12 куб партовҳо ба партовгоҳи асосӣ интиқол дода шуданд.

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни миллӣ  чунин амалиёти тозагӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода  низ гузаронида мешаванд.

Август 18, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид