Дар Бадахшон ғаввосон наҷот додани ғарқшудагонро амалан машқ карданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ғаввосон ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси амалӣ дар об баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни тамрин ҳамаи зинаҳои баргузории корҳои садамавию наҷот, аз ҷумла расидани наҷотдиҳандагон ба макони ҳодиса, пӯшидани сару либоси ғаввосӣ, вориди об шудан ва талош барои наҷоти ғарқшудаи шартӣ машқ карда шуд.
Дар тамрин истгоҳи хурди ғаввосии вокуниши сареъ истифода шуд. Ин истгоҳи хурд алоқаи дуҷониба бо ғаввосонро ҳангоми кор таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки дар мавриди рӯйдодҳои зери об иттилои сареъ ва дақиқро сари вақт дарёфт кунанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи пешгӯинашаванда ба ғаввос ёрии амалӣ расонанд.
Ғаввосони КҲФ ҳамзамон иҷрои амалиёти зиёди муҳандисиву техникӣ, наҷотдиҳиву интиқолӣ ва ғайраро тамрин карда, омӯхтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






