Дар Боғи «Куруши Кабир»-и Душанбе ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

Август 6, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир»-и пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба кор оғоз намуд. Дар ҷараёни кори ярмарка бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 155 нафар ятимони кулл — таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид. Дар ин бора  аз Раёсати иттиллоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир» -и шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз соати   9:00 то 19:00 амал мекунад

«Ярмаркаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 июли соли 2020 бо дарназардошти фарорасии соли хониши 2020-2021 ва дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ гузаронида мешавад.  Дар он  беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва теъдоди зиёди соҳибкорони ватанӣ бо пешниҳоди намудҳои муайяншудаи сару либос ва лавозимоти мактабӣ иштирок карданд. Корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба мизоҷон баробари сару либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи лозимиро, ки ба хонандагон  дар ҷараёни таҳсил заруранд, пешниҳод намуданд»,-афзуд манбаъ.

Дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Дӯхти либоси мактабӣ  аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи «Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад.

Инчунин бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод карда шудааст.

Бо дарназардошти вазъияти имрӯзаи эпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ва хоса пандемияи «КОВИД-19» ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ ба роҳ монда шудааст.

Чунин ярмаркаҳо дар чор ноҳияи пойтахт низ ташкил гардида, то  оғози соли нави хониш фаъолият мекунанд.

Август 6, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
23 сентябр Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
МАҚСАД – ФАРОВОНӢ, ДАСТРАСӢ ВА АРЗОНИИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР БОЗОРҲО. Байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ баста шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандгардонии ниёзмандон 4 913 300 сомонӣ маблағ ҷудо намуд
Дар Душанбе Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ тасдиқ гардид
«Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» Дар Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарон оғоз гардид
Ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои Душанбе тағйиру иловаҳо ворид гардиданд
Дар Душанбе машварати августии омӯзгорон доир гардид
Дар Душанбе хатсайри троллейбусии №12 барқарор гардид
Дар Душанбе Маркази хизматрасонии «Mersedes –Benz» ифтитоҳ гардид
Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муваққатан қатъ мегардад
Мутасаддиён барои фаъолияти намунавӣ дар нигоҳубини дарахтони аз хориҷа воридшуда ҳавасманд мегарданд