Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 09.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 август бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» ҳамоиши тантанавӣ доир мегардад. Дар ҳамоиши мазкур иштироки беш аз 100 нафар собиқадорони варзиш ва ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимни ҳамоиш варзишгарон ва собиқадорони варзиш бо мукофот ва сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби васеи ҷавонону наврасон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва густариши соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст.
Ҳоло бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои мукаммал амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш эълон шудааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






