Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиш доир мегардад

Август 9, 2020 09:51

 ДУШАНБЕ, 09.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 август  бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» ҳамоиши тантанавӣ доир мегардад. Дар ҳамоиши мазкур иштироки беш аз 100 нафар собиқадорони варзиш ва ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зимни ҳамоиш варзишгарон ва собиқадорони варзиш бо  мукофот ва сипосномаҳои  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  қадрдонӣ карда мешаванд.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби васеи ҷавонону наврасон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим  ва густариши соҳа  тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст.

Ҳоло    бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои мукаммал амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш, ҷалби  бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш эълон шудааст.

Август 9, 2020 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид