Дар Душанбе доир ба самарабахш кардани фаъолияти маҳфили ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Август 15, 2020 11:14

ДУШАНБЕ, 15.08.2020  /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»  дар мавзӯи роҳҳои самарабахш кардани фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми мамлакат иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир  ба фаъолияти самарабахши маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» иброз дошт, ки он соли 2014 бо дастгирии  Пешвои миллат дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуд.

Имрӯз намояндагиҳои маҳфил дар 17 кишвари дунё фаъолият дошта, бо дастгирии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат пайваста барномаҳои гуногун доир мекунанд. Зимни он ҷавононро ба илму донишандӯзӣ, дӯст доштани Ватан, Модар ва пос доштани оину анъанаҳои миллӣ даъват менамоянд.

Август 15, 2020 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик