Дар Душанбе доир ба самарабахш кардани фаъолияти маҳфили ҷавонон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» дар мавзӯи роҳҳои самарабахш кардани фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми мамлакат иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба фаъолияти самарабахши маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» иброз дошт, ки он соли 2014 бо дастгирии Пешвои миллат дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуд.
Имрӯз намояндагиҳои маҳфил дар 17 кишвари дунё фаъолият дошта, бо дастгирии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат пайваста барномаҳои гуногун доир мекунанд. Зимни он ҷавононро ба илму донишандӯзӣ, дӯст доштани Ватан, Модар ва пос доштани оину анъанаҳои миллӣ даъват менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






