Дар Душанбе оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа таҳти раёсати Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода сурат гирифт.
Ҷиҳати иҷрои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли равон, ки тибқи он интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар нақшаи мазкур муҳлатҳои ташкили ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, таъсиси комиссияҳои онҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба марҳилаҳои ҷараёни интихобот пешбинӣ шудаанд.
Чорабиниҳои дар Нақшаи тақвимӣ дарҷёфта хусусияти ташкилӣ ва иттилоотӣ дошта, дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ намудани онҳо барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Пас аз муҳокима Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори Комиссия тасдиқ карда шуд.
Ҳамчунин мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссия дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо номгузорӣ ва рақамгузорӣ карда шуданд.









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






