Дар Ховалинг бо истифода аз маводи мадҳушкунанда ҷинояти ғоратгарӣ содир шуд

Август 1, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ховалинг марди 37-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки 27 июли соли 2020, тахминан соатҳои 03 ба 04-00 субҳ шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматиаш даромада, нисбат ба ҳамсараш, зани 36-сола, зӯроварӣ нишон дода, ҳангоми доду фиғон бардоштани ҳамсараш барои беҳуш намудани номбурда маводи мадҳушкунандаи бо худ доштаро истифода бурда, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-3”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Тавре ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26, 27, 28-солаи сокинони ноҳияи Панҷ, ки якеашон пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Далели шайъӣ-  як адад маводи мадҳушкунанда (амиаку розчин) гирифта шуда, тафтиш идома дорад.

Август 1, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд