Дар низоми бонкии Тоҷикистон 6 ҳазору 175 нафар ё 36 фоизи кормандонро бонувон ташкил медиҳанд

Август 4, 2020 13:42

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 майи соли 2019  зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат Пешвои миллат пешниҳод намуда буданд, ки дар воҳидҳои сохтории низоми  бонкии мамлакат сафи занону духтарон зиёд карда шавад. Дар ин замина дар низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол  шумораи кормандон аз ҳисоби бонувон  меафзояд. Аз 17 ҳазору 393 нафар кормандони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон 6 ҳазору 175 нафар ё 36 фоизро бонувон ташкил медиҳанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли равон 444 нафар зиёд мебошад.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз шумораи умумии заноне, ки дар низоми бонкии мамлакат фаъолият доранд, 3 ҳазору  187 нафарро занон–кормандоне, ки масъулияти  моддӣ доранд, ташкил медиҳанд. Инчунин 633 нафар бонувони низоми бонкии мамлакат дар бахши роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки ин ба 21,1 фоизи шумораи умумии вазифаҳои роҳбарикунанда баробар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби бештари занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо таваҷҷуҳи махсус дода, ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Инчунин аз ҷониби низоми бонкии мамлакат мутобиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди иқтисодиёт ва пешрафти соҳаи бонкдорӣ тадбирҳо андешида мешаванд, ки дар иҷрои онҳо саҳми бонувон шоиста аст.

Август 4, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст