Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола 18 август дар ҷумҳурӣ таҷлил мешавад, ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ба як гурӯҳ табибону ҳамшираҳои тиб, ки дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус саҳми шоиста гузошта истодаанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз хизматҳои шоиста ва заҳматҳои пайвастаи табибону ҳамшираҳои тиб дар самти саломатии аҳолӣ ва бахусус дар мубориза бо бемории коронавирус ёдовар шуд.
Мавсуф иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор додани иншооти гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири муоинавӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.
Инчунин дар давлатҳои хориҷӣ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва кормандони соҳа ва дигар тадбирҳои муҳиме, ки ҷиҳати рушди соҳа равона шудааст, шоистаи зикр мебошанд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






