Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масоили бо кор таъмин кардани занон баррасӣ гардид

Август 13, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода ва Cафири Давлати Фаластин  Луай Иффа масъалаҳои бо кор таъмин кардани занон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар ҷанбаҳои гуногун, инчунин сиёсати давлат дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазоратро таҳлил намуданд.

Сафири Давлати Фаластин Луай Иффа аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсат ва идоракунии давлатӣ муфид хоҳад буд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти соли 1992 барқарор шудаанд.

Август 13, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар