Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Август 3, 2020 16:36

ДУШАНБЕ, 03.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 август дар шаҳри Душанбе директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот С. Сиддиқ дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, моҳияти сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ВАО дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ибрози андеша намуд. Дар ин замина, зикр шуд, ки имкониятҳои АМИТ «Ховар» ба сифати мақоми марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси ҳодисаву рӯйдодҳои марбут ба Тоҷикистон ва Покистон, муаррифии имкониятҳои мавҷуда дар таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра тавассути сомонаи расмӣ ва Радиои «ҒМ Ховар»-и Агентӣ метавонанд боз ҳам бештар ва  самараноктар истифода бурда шаванд.

Зикр шуд, ки тақвият бахшидан ба робитаҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот ба муносиботи рӯ ба рушди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ Сафири ҶИП дар ҶТ Имрон Ҳайдар омодагии ҷониби Сафорат ва дар маҷмӯъ кишварашро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории фаъол дар самти иттилоърасонӣ ва роҳандозии муаррифии бештари Покистону Тоҷикистон миёни аҳолии ду кишвар изҳор дошт. Ӯ зикр кард, ки ҷониби Покистон барои рушди ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, мусиқӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои дастӣ ва амсоли инҳо омода буда, баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас Сафорат дар Душанбе талоши худро ба таври васеъ ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳамчунин оид ба густариши равобити неку дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳори назар карда, боло бурдани ҳаҷми гардиши мол миёни ду давлат, самаранок истифода кардан аз имкониятҳои якдигар, бандарҳои обии Покистон, махсусан Гвадар ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот ва оғоз кардани парвозҳои мустақимро байни Душанбе ва Исломобод ба мақсад мувофиқ донистанд.

Бо назардошти асли мақсад, дар анҷоми  мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи иттилоот фаъол карда, дар вақти барои Душанбе ва Исломобод мувофиқ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва хабаргузории марказии ҶИП «Associated Press of Pakistan» (APP)-ро, ки аз ҷониби ҳарду агентӣ таҳия ва такмил дода, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 1 марти соли 2019 таҳти №78 маъқул донистааст, ба имзо расонанд.

Август 3, 2020 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд