Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имсол шаҳрвандони хориҷиро барои таҳсил тариқи онлайн қабул менамояд

Август 6, 2020 15:42

 ХУҶАНД, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 7000 донишҷӯ таҳсил доранд, ки  330 нафарашро шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ташкил медиҳанд. Раёсати донишгоҳ дар пайи пандемияи коронавирус ва доман паҳн кардани мавҷи дуюми он тасмим дорад, ки дар соли хониши 2020-2021 шаҳрвандони хориҷиро барои таҳсил тариқи онлайн низ қабул намояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон як зумра иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.  Аз ҷумла, баҳри фароҳамоварии шароити мусоиди таълиму фароғат барои омӯзгорон сохтмони бинои истиқоматии даҳошёна ва барои муҳассилин бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, варзишгоҳ ва маҷлисгоҳ дар назар аст.

То имрӯз ба ифтихори ин санаи хотирмон бо иштироки ҷомеаи меҳнатии муассиса дар доираи амалҳои созандагиву ободонӣ дар донишгоҳ азнавсозии даромадгоҳи бинои асосӣ, сафолакпўш кардани роҳравҳо, сабзазоркунии атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки далели омодагии ҷиддии  ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба истиқболи шоистаи ин ҷашни бузурги миллӣ мебошад.

Вобаста ба омодагиҳо ба соли хониши нав зикр гардид, ки яке аз падидаҳои соли таҳсили нав он аст, ки имсол дар раванди ташкили чанд ихтисоси нав, чун соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, инчунин дар донишгоҳ қабул аз рӯи 6 ихтисоси омӯзгорӣ, чун омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва диншиносӣ ба роҳ монда шудааст. Минбаъд донишҷӯён пас аз хатми ин   ихтисосҳо метавонанд дар мактабҳои оливу миёна низ фаъолият намоянд.

Бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар соли таҳсили 2020 -2021 дар донишгоҳ роҳандозии 11 ихтисоси нав дар назар дошта шуда,  имсол дар донишгоҳ қабули довталабон аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад.

Доир ба робитаи бурунмарзии донишгоҳ ва таҳсили муҳассилин аз давлатҳои хориҷӣ зикр гардид, ки имрӯз донишгоҳ бо беш аз 50 донишгоҳу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии хориҷӣ созишномаи ҳамкории судманд дорад.

Август 6, 2020 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид