Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 август бахшида ба 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Афсарон»- и пойтахт маросими ифтитоҳи Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» баргузор мегардад. Фестивали мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, ҳадафи он ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.
Тавре мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт 2 марҳиларо дар бар гирифта, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Марҳилаи якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ доир шуда, дар марҳилаи дуюм ғолибони даври аввал метавонанд иштирок намоянд.
Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш: футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ баргузор шуда, то 13 сентябр идома меёбад.
Маросими ҷамъбасти фестивал 15 сентябр муайян шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






