ФУТБОЛ. Дастаи «Бавария» бори шашум Ҷоми Лигаи чемпионҳоро соҳиб гардид

Август 24, 2020 14:32

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 23 августи соли равон дар варзишгоҳи «Эштадио да Луш»-и шаҳри Лиссабони Португалия  бозии финалии Лигаи чемпионҳои Аврупо байни дастаҳои футболи  «Пари Сен-Жермен»-и Франсия бо «Бавария»-и Германия дар сатҳи баланд  баргузор гардид. Бозии мазкур бо пирӯзии дастаи футболи «Бавария» анҷом ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон гузориш медиҳад.

Вохӯрии ин  дастаҳо хеле ҷолиб  сурат  гирифта, бо ҳисоби 1 ба 0 нафъи дастаи футболи «Бавария» хотима ёфт. Ҳарчанд дастаҳо дар нимаи аввали рақобат имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале ба ҳеҷ яке аз онҳо муяссар нагардид, то дарвозаи ҳарифро рахна созанд. Тақдири ин бозӣ дар қисмати дуюми рақобат   ҳал гардид. Дар дақиқаи 59-уми бозӣ, нимҳимоятгари дастаи Германия- Кингсли Коман бо як зарбаи ҳадафраси худ дарвозаи Кейлор Навасро рахна карда, ҳисобро 1:0 ба фоидаи дастааш сохт. Бо ҳамин ягона гол  «Бавария» тавонист бори шашум ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сар бардорад.  Аз ин пеш   дастаи футболи «Бавария» мавсимҳои солҳои 1962-1963, 1963-1964, 1964-1965, 2000-2001 ва 2012-2013 низ ғолиби мусобиқаи  Лигаи чемпионҳои Аврупо гардида буд.

Дастаи футболи  «Бавария»  аз рӯи шумори пирӯзӣ дар ин мусобиқаи пурнуфуз бо  дастаи «Ливерпул»-и Англия мақоми сеюмро тақсим мекунанд. Аз ҳама бештар (13 бор) танҳо  дастаи футболи «Реал Мадрид»-и Испания ба унвони чемпионӣ мушарраф шудааст. Дастаи  «Милан»-и Италия, ки 7 бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шудааст, дар мақоми дуюм қарор дорад.

«Бавария» 11-умин бор дар финали Лигаи чемпионҳо иштирок кардааст. Дар бозиҳои ҳалкунанда аз ҳама бештар (16 бор) танҳо «Реал Мадрид» ширкат варзидааст. Дастаи  «Бавария» пеш аз ин дар финали мавсими 2012-13 иштирок карда, он замон бар  дастаи футболи  «Боруссия»-и Дортмунд  бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.

Хотиррасон  мешавем, ки дастаи футболи «Бавария» дар мусобиқаи гузаштаи Лигаи чемпионҳо дар ҳамаи 11 бозӣ ғолиб омадааст, ки ба чунин натиҷа пештар ягон даста мушарраф нашуда буд. Дар марҳилаи гурӯҳи дастаи футболи  «Бавария»  дуборӣ «Тоттенҳэм»-и Англия, «Олимпиакос»-и Юнон ва «Срвена Звезда»-и Сербияро шикаст додааст. Дар бозии 1/8- финал бар  дастаи «Челси»-и Англия, дар чорякфинал бар  дастаи футболи «Барселона»-и Испания, дар нимфинал  бар  «Лион»-и Фаронса ғалаба кардааст.

Дастаи футболи «ПСЖ»-и Франсия  бори аввал дар финали Лигаи чемпионҳо  иштирок кард. Аз дастаҳои  фаронсавӣ дар ин мусобиқа танҳо дастаи футболи  «Марсел» соли 1993 ғолиб шудааст. Дастаҳои футболи «Бавария» ва ПСЖ бори даҳум дар доираи ин мусобиқа бо ҳам рӯбарӯ шуданд, дар панҷ бозӣ фаронсавиҳо ва дар чаҳор дидор немисҳо ғолиб омадаанд. Аввалин бор соли 1998 дар финали мусобиқа ғолибони чемпионатҳои миллӣ ширкат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки нимҳимоятгари дастаи футболи  «Бавария»-и Германия  Томас Мюллер дар финали Лигаи чемпионҳо бори чаҳорум иштирок карда, ду бор пирӯз шудааст.

Лигаи чемпионҳо

Финал

«Бавария»  (Германия) — ПСЖ  (Франсия) – 1:0 (0:0)

Гол: Кингсли Коман, 59.

«Бавария»: 1. Нойер, 17. Боатенг (то 25′) , 27. Алаба, 6. Алкантара Т. (то 86′) , 18. Горетска, 19. Дэйвис, 22. Гнабри (то 68′) , 29. Коман К. (то 68′) , 32. Киммих, 25. Мюллер, 9. Левандовски Р.

Иваз: 4. Зюле (аз 25′) , 10. Коутинйо (аз 68′) , 14. Перишич И. (аз 68′) , 24. Толиссо (аз 86′)

Бозигарони эҳтиётӣ: 26. Улрайх, 39. Ҳоффманн Р-Т., 2. Одриосола, 5. Павар, 21. Лукас Эрнандес, 8. Мартинес Х., 11. Кюизанс, 35. Зиркзее

Огоҳӣ: Дэйвис 28′, Гнабри 52′, Зюле 56′, Мюллер 90′

ПСЖ: 1. Навас К., 3. Кимпембе, 4. Керер, 5. Маркинос, 2. Силва Т., 8. Паредес Л. ( то 64′) , 11. Ди Мария (то 80′) , 14. Бернат (то 80′) , 21. Эррера (то 72′) , 7. Мбаппе, 10. Неймар

Таъвиз: 6. Верратти (аз 64′) , 23. Дракслер (аз 72′) , 20. Курзава (аз 80′) , 17. Чупо-Мотинг (аз 80′)

Бозингарони эҳтиётӣ: 16. Рико С., 30. Булка, 19. Сарабия, 22. Диалло А., 25. Баккер М., 31. Дагба, 27. Гуйе И.Г., 18. Икарди

Огоҳӣ: Паредес Л. 52′, Неймар 81′, Силва Т. 83′, Курзава 85′

Рефери: Даниэле Орсато (Италия).

Август 24, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд