ФУТБОЛ. Ғолибони даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар рақобати марказии ин давр дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бо ҳисоби 3:0 дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро мағлуб намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо касби 18 имтиёз мавқеи худро дар садри ҷадвал мустаҳкам намуд. Дар зинаи дуюм дастаи навкори Лигаи якум «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо 14 имтиёз қарор дорад.
Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум. Даври 7-ум
«Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата» – 3:0
Голҳо: Далер Шомуродов, 8 – аз пеналти (1:0). Далер Шомуродов, 49 – аз пеналти (2:0). Саидамири Саидаҳмад, 86 (3:0).
Корти сурх: Амирҷон Раҳимов («Эсхата»), баъд аз бозӣ – таҳқири ҳайати доварон.
Беҳтарин бозингар: Амирҷони Фаррухзод («Равшан» Кӯлоб).
«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 1:1
Голҳо: Маҳмуд Ғаюров, 83 (0:1). Зуҳриддин Фузайлов, 90+6 (1:1).
Корти сурх: Бахтиёр Ҳакимов (сармураббии дастаи «Панҷшер») – таҳқири ҳайати доварон.
Беҳтарин бозингар: Бахтиёр Неъматов («Панҷшер»).
«Ҳулбук» – «Ваҳдат» – 2:1
Голҳо: Суҳроб Асоев, 55 (0:1). Аваз Қамчинов, 76 (1:1). Зоирхон Холматов, 90+5 (2:1).
Беҳтарин бозингар: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).
«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1
Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 25 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 58 (1:1).
Беҳтарин бозингар: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).
«Моҳир» – «Исфара» – 4:3
Голҳо: Муродбек Юсупов, 8 (1:0). Хушбахт Назиров, 19 (1:1). Фирдавс Мусоев, 23 (1:2). Абдураҳим Раҳимов, 34 (1:3). Бахтовар Ҳалимов, 77 (2:3). Бахтовар Ҳалимов, 79 (3:3). Бахтовар Ҳалимов, 90+1 (4:3).
Беҳтарин бозингар: Бахтовар Ҳалимов («Моҳир»).
«Саройкамар» – «Шоҳмансур» – 6:2
Голҳо: Соҳиб Ваҳобов, 21 (1:0). Фирдавс Икромов, 28 (1:1). Хуршед Ямаков, 45 (2:1). Ҷурабек Юсупов, 59 (2:2). Акмалҷон Авазов, 61 (3:2). Акмалҷон Авазов, 74 – аз пеналти (4:2). Соҳиб Ваҳобов, 77 (5:2). Ҷонибек Ғаффоров, 81 (6:2).
Беҳтарин бозингар: Акмалҷон Авазов («Саройкамар»).
Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 11 гол, Фирдавс Мусоев («Исфара») – 7 гол, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан» Кӯлоб), Мубинҷон Мӯминов («Эсхата») – 6 голӣ.
Бозиҳои даври 8-ум
6 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Шоҳмансур» – «Ҳулбук»
«Исфара» – «Саройкамар»
«Панҷшер» – «Моҳир»
7 август (ҷумъа)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Равшан» (Зафаробод) – «Ваҳдат»
«Эсхата» – «Барқчӣ»
«Ҳосилот» – «Равшан» (Кӯлоб)








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






