ФУТЗАЛ. Дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» пешсафи мусобиқа шуданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври сеюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 2 август баргузор шуданд. Дар даври сеюм чемпиони феълии мамлакат-дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 8:1 ғалаба кард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳайати дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Алимаҳмадов се гол зад. Дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии пуршӯр бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 7:4 дастболо шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Иқбол Воситзода панҷ гол зад. Дар бозии дигари даври мазкур дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 10:5 мағлуб намуд. Ин аввалин ғалабаи дастаи «Равшан» дар мавсими имсола аст. Ҳотамшоҳ Раҳмонов дар ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб се тӯб ба ҳадаф расонд.
Баъд аз натиҷагирии се даври Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо нуҳхолӣ пешсафанд.
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Соро компания» (Душанбе) | 3 | 3 | 0 | 0 | 27-5 | 9 |
| 2 | «Сипар» (Хуҷанд) | 3 | 3 | 0 | 0 | 20-9 | 9 |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 3 | 1 | 0 | 2 | 16-19 | 3 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 3 | 1 | 0 | 2 | 19-25 | 3 |
| 5 | «Муҳоҷир» (Душанбе) | 3 | 1 | 0 | 2 | 10-16 | 3 |
| 6 | «Самандар» (Турсунзода) | 3 | 0 | 0 | 3 | 13-30 | 0 |
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 5 август баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футзали «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд, «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Соро компания» -и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мегарданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






