ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд

Август 18, 2020 18:08

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 18 август 8131 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 6935  (85,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 65 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 73  нафар гумонбарон қарор дошта, 38 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти  COVID-19 қарор қабул намуд, ки аз 16 то 31 август 55 парвози чартерии иловагӣ аз Россия ба Тоҷикистонро анҷом дода мешавад.

Таъкид шудааст, ки афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Россия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад. Ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд.

Август 18, 2020 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон