Хонандагони мактаби №27-и деҳаи Қадаҳии ноҳияи Ховалинг соли нави таҳсилро дар бинои замонавӣ истиқбол гирифтанд

Август 21, 2020 15:20

ХОВАЛИНГ, 21.08.2020 АМИТ /«Ховар»/. Хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 27-и деҳаи Қадаҳии ноҳияи Ховалинг соли нави таҳсили 2020-2021-ро дар бинои замонавӣ истиқбол гирифтанд. Бинои мазкур бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии КСМ-24 дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд ба истифода супорида шуд.

Тавре роҳбари ҶСК «КСМ-24» Ҷамшед Ҳабибуллоев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, бинои мазкур аз 6 синфхона,  хонаи омӯзгорон, утоқи директори мактаб, синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 10 адад компютер ва шабакаи мустақими гармидиҳӣ иборат буда, минбаъд дар он дар як баст беш аз 160 хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин карда шудаанд. Сокинони деҳа ва хонандагон барои ин ғамхориҳо миннатдории хешро ба роҳбарияти олии мамлакат баён намуданд.

Зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо ҷаҳду талошҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 36 муассисаи нави таълимӣ ба истифода супорида шуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода додани чанд  мактаби дигар   дар назар аст.

Август 21, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад