ИМА ва Россия метавонанд моҳҳои наздик оид ба терроризм муколама намоянд
ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар/. ИМА ва Россия метавонанд моҳҳои наздик оид ба терроризм муколама доир намоянд, эълом намуд мушовири президент Доналд Трамп оид ба амнияти миллӣ Роберт О’Брайен. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
«Яке аз самтҳои дигари ҳамкории эҳтимолӣ бо Россия – муқовимат бо терроризм мебошад. Ҳам Россия ва ҳам Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави худ ҳадафи ҳамлаҳои хушунатбори ифротӣ қарор гирифтаанд. Ашхоси расмии ИМА эҳтимол тӯли моҳҳои оянда бо ҳамтоёни худ дар соҳаи кашф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ин масъалаҳо тамос бигиранд», — навиштааст О’Брайен дар мақолааш барои “Washington Post”.
Илова бар ин, ба гуфтаи мушовир, ИМА ба бастани шартнома бо Россия ва Чин дар мавриди маҳдуд кардани тамоми силоҳҳои ҳастаӣ умед дорад.
«Моҳи июн ИМА гуфтушунидро бо Россия дар мавриди шартномаи СНВ -3 оғоз кард. Иёлоти Муттаҳида бо хушбинии эҳтиёткорона ба ин назар аст, ки мо метавонем бо Москва ва Чин дар мавриди назорати чаҳорчӯбавии аслиҳа, ки битавонад маҳдудиятҳои санҷидашавандаро нисбат ба тамоми силоҳи ҳастаӣ фаро гирад, ба тавофуқ бирасем» — навиштааст О’Брайен.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида изҳор намуда буд, ки дар фикри тамдиди шартномаи стратегии СНВ – 3 бо Россия мебошад, ки муҳлаташ соли 2021 ба итмом мерасад, аммо пешниҳод мекунад, ки доираи он васеъ ва силоҳҳои навро, ки ба СНВ -3-и кунунӣ шомил нестанд, фаро гирад. Ҳамзамон пешниҳод мекунад, ки Чин низ ба ин созишнома дохил карда шавад.
АКС аз бойгонӣ








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






