ИМА ва Россия метавонанд моҳҳои наздик оид ба терроризм муколама намоянд

Август 4, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар/. ИМА ва Россия метавонанд моҳҳои наздик  оид ба терроризм муколама доир намоянд, эълом намуд мушовири президент Доналд Трамп оид ба амнияти миллӣ Роберт О’Брайен. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.

«Яке аз самтҳои дигари ҳамкории эҳтимолӣ бо Россия – муқовимат бо   терроризм мебошад. Ҳам Россия ва ҳам Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави худ ҳадафи ҳамлаҳои хушунатбори ифротӣ қарор гирифтаанд. Ашхоси расмии ИМА эҳтимол тӯли моҳҳои оянда бо ҳамтоёни худ дар соҳаи кашф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ин масъалаҳо тамос бигиранд», — навиштааст О’Брайен дар мақолааш барои “Washington Post”.

Илова бар ин, ба гуфтаи мушовир, ИМА ба бастани шартнома бо Россия ва Чин дар мавриди маҳдуд кардани тамоми силоҳҳои ҳастаӣ умед дорад.

«Моҳи июн ИМА гуфтушунидро бо Россия дар мавриди шартномаи СНВ -3 оғоз кард. Иёлоти Муттаҳида бо хушбинии эҳтиёткорона ба ин назар аст, ки  мо метавонем бо Москва ва Чин дар мавриди назорати чаҳорчӯбавии аслиҳа, ки битавонад маҳдудиятҳои санҷидашавандаро нисбат ба тамоми  силоҳи ҳастаӣ фаро гирад, ба тавофуқ бирасем» — навиштааст О’Брайен.

Қаблан Иёлоти Муттаҳида изҳор намуда буд, ки дар фикри тамдиди шартномаи стратегии СНВ – 3 бо Россия мебошад, ки муҳлаташ соли 2021 ба итмом мерасад, аммо пешниҳод мекунад, ки доираи он васеъ ва силоҳҳои навро, ки ба СНВ -3-и кунунӣ шомил нестанд, фаро гирад. Ҳамзамон пешниҳод мекунад, ки Чин низ ба ин созишнома дохил карда шавад.

АКС аз бойгонӣ

Август 4, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид