«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

Август 25, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 август  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  ба таври ҷолиб   баргузор шуданд. Дар даври мазкур   23 август  дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода   бо «Локомотив-Помир»-и шаҳри  Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе  ва 24 август «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо КМВА байни  ҳам  рақобат карданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

23 август  ду бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳарду вохӯрӣ ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ тамом шуданд.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе  ҷолибу диданӣ ва сергол сурат гирифт. Дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ Элчибек Рашидбеков ба дарвозаи дастаи «Кӯктош» гол зада, ҳисоби рақобатро кушод.

Аз ҳайати дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Холмурод Назаров як дақиқа пеш аз анҷоми қисмати аввали бозӣ ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт. Бозингари дастаи «Кӯктош» Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ гол зада, соҳибони майдонро ба пеш баровард. Аммо пешсафии онҳо дер давом накард, зеро бо гузоштани 8 дақиқаи дигар Аъзам Муродов голи дуюми дастаи «Душанбе-83»-ро зада, ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигар дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳам рақобат карданд. Сабқати ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.

24 август се бозии дигари даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Алишер Баротов дар майдони худ дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъро бо ҳисоби   2:0 мағлуб намуд.

Ҳамчунин  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе   дар сафар бо душворӣ  дастаи  футболи  «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшанро бо натиҷаи  2:1 шикаст дод. Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм бозингари Истаравшан Салам Ашурмамадов кушод. Дастаи  «Истиқлол»  дар нимаи дуюми бозӣ тавассути голҳои задаи Эҳсони Панҷшанбе ва Рустам Соиров пирӯз шуда, се холи навбатиро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии давр дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар  ва КМВА  ба дарвозаи якдигар гол зада натавонистанд ва ин вохӯрӣ  бо ҳисоби  мусовии  0:0 хотима ёфт.

Пас аз натиҷагирии сенздаҳ давр дар ҷадвали чемпионат дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бо 37 хол ҷои аввалро ишғол кардааст. Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд бо 26 хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи   «Хатлон»-и  шаҳри  Бохтар  бо 22 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Дар робита ба бозии рафиқонаи   дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон (3 сентябр) дар чемпионати мамлакат  таътили дуҳафтаина эълон шуд.

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври чордаҳуми Лигаи олии  Тоҷикистон   7 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор мешаванд.

Чемпионати Тоҷикистон.

Лигаи олӣ.

Даври 13-ум

«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).

«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0

 «Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (1:0). Алишер Баротов, 47 (2:0).

«Истаравшан» – «Истиклол» – 1:2

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 23 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 59 –пеналти (1:1). Рустам Соиров, 89 (1:2).

«Хатлон» – КМВА – 0:0

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  13  12  1  0  51-6  37
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  13  8  2  3  21-15  26
 3  «Хатлон» (Бохтар)  13  6  4  3  22-18  22
 4  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  13  5  5  3  20-16  20
 5  КМВА (Душанбе)  13  5  4  4  20-19  19
 6  «Душанбе-83» (Душанбе)  13  4  3  6  15-22  15
 7  «Файзканд» (Восеъ)  13  3  5  5  12-23  14
 8  «Истаравшан» (Истаравшан)  13  2  3  8  16-31  9
 9  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  13  2  3  8  16-31  9
 10  «Локомотив-Помир» (Душанбе)  13  1  4  8  9-21  7

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 11 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 7 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Баки-Ахунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – бо 6 голӣ

Чемпионати Тоҷикистон.

Лигаи олӣ.

14-ум давр

7 сентябр (душанбе)
Оғоз – соати 16:00

«Файзканд» – КМВА
«Душанбе-83» – «Хатлон»

8 сентябр (сешанбе)
Оғоз – соати 16:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Истаравшан»

11 сентябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Куктош»

Ҷоми Тоҷикистон

Чорякфинал

13 сентябр (якшанбе)
Оғоз – соати 16:00

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
«Эсхата» – «Хатлон»

15 сентябр (сешанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
«Истаравшан» – «Кӯктош»

Август 25, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд