Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд

Август 26, 2020 16:51

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.  

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, собиқадори иттифоқҳои касаба   Муродалӣ Солеҳов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода оид ба хидматҳои арзишманд ва беназири Пешвои миллат,  махсусан дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, бунёдкорию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат, роҷеъ ба фазилатҳо ва сифатҳои наҷиби Сарвари давлат чун садоқати беандоза ба Ватан ва муҳаббати самимона ба халқи худ, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавону ниёзманд, дастгирии соҳибкорон ва ғайра  суханронӣ намуданд.

Дар Анҷуман ҳамчунин ҳисобот дар бораи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар давраи аз 25 майи соли 2013 то 26 августи соли 2020 ва вазифаҳои навбатии иттифоқи касаба, ҳисоботи Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шунида шуданд.

Вакилони Анҷуман лоиҳаи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Барномаи амали Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

Вакилони Анҷуман вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба Файзизода Исмоил Назрӣ  ва вазифаи муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба Назарзода Нигора Нураҳмад вогузор намуданд.

Август 26, 2020 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод